Ҷоми президенти Қазоқистон. Тоҷикистон – Русия – 6:0

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 8 то 13 август дар Чимкент доир мегардад, дар бозии аввали худ тими Рсяиро бо ҳисоби калони 6 бар 0 мағлуб сохт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дигари рӯзи якуми мусобиқа чунин анҷом ёфтанд: Қазоқистон – Қирғизистон – […]

Asia-Plus



Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 8 то 13 август дар Чимкент доир мегардад, дар бозии аввали худ тими Рсяиро бо ҳисоби калони 6 бар 0 мағлуб сохт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дигари рӯзи якуми мусобиқа чунин анҷом ёфтанд: Қазоқистон – Қирғизистон – 2:1; «Крузейро» (Қазоқистон) – Албания – 0:0 ва Эрон – Озарбойҷон – 3:0.

Имрӯз даври дуюми бозиҳо дар гурӯҳҳо доир гардида, футболбозони навраси тоҷик бо тими Озарбойҷон қувваозмоӣ мекунанд. Тими Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил гардида, бо ҳамсолони худ аз Русия, Озарбойҷон ва Эрон (11 август) қувваозмоӣ мекунад.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва тими «Крузейро» (аз Қазоқистон) бо ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии финалӣ, дастаҳои зинаи дуюмро ишғолкарда барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа, тимҳои зинаи сеюм барои ишғоли ҷойи панҷум ва дастаҳои ноком дар даври гурӯҳӣ барои дарёфти ҷойи ҳафтум бозӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон муддати 9 сол аст, ки пайдарпай баргузор мешавад. Қаблан мусобиқа дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато гузаронида мешуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 10 ҳазор доллар, дастаи зинаи дуюм – бо 6 ҳазор доллар ва дастаи мақоми сеюм – бо 4 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.