Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории силро, баргузор менамоянд. Шӯрои мазкур натиҷаи ташрифи мониторинг ва баҳодиҳӣ оид ба бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи амалинамоии нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз […]

Иттилоияи расмӣ



Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории силро, баргузор менамоянд.

Шӯрои мазкур натиҷаи ташрифи мониторинг ва баҳодиҳӣ оид ба бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи амалинамоии нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, давоми соли 2016 – ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони силшинос аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷаласа ширкат меварзанд.

Бояд қайд намуд, ки ин ҷаласа бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил баргузор мегардад. Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо буҷаи 13,2 миллион доллари амрикоӣ, ки барои панҷ сол ба нақша гирифта шудааст, ин коҳиши сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон мебошад.

Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кӯмаки тиббии ба бемор равонашуда, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.