«Тоҷиксодиротбонк» далели лату кӯби кормандашро рад кард

Маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маълумоти лату кӯби сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оевро аз ҷониби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов рад кард. «Аз ҷониби кормандони мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст», – қайд мешавад дар маълумоти сомонаи расмии бонк. Бино ба […]

Asia--Plus



Маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

маълумоти лату кӯби

сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оевро аз ҷониби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов рад кард.

«Аз ҷониби кормандони мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст», – қайд мешавад дар

маълумоти

сомонаи расмии бонк.

Бино ба ин маълумот, Оев Абулмуъмин аз соли 2008 то инҷониб фаъолият намуда, барои таъмини пешгирии сӯхтор дар иншооти Ҷамъияти мазкур масъул аст ва инчунин назорати сенсорҳои зиддисухторӣ, ки пешгирии сӯхторро таъмин менамоянд, низ ба зиммаи ӯ вогузор карда шудааст.

«Муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисӯхторӣ аз рӯи таъиноташон амалӣ нагашта, дар якчандтои онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гӯш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад», – омадааст дар хабари ҶСК «Тоҷиксодиротбонк».

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз мудирияти муваққатии дар Бонки мазкур таъиншуда ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин амал дахлдошта тасмим гирифтааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори «Тоҷиксодиротбонк» Абдулмуъмин Оев, ки аз лату кӯби роҳбари маъмурияти муваққатии бонк Мирҳаёт Ёқубов осеб дидааст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ариза дода, дар он М.Ёқубовро дар лату кӯб, кӯшиши куштор ва ҳамчунин туҳмат айбдор кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.