Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia--Plus

Анонс – Дар доираи аксияи хайрияи «Рангҳои тобистон» (Краски Лета) ба муносибати Рӯзи аксҳо рӯзҳои 17-19 август аз соати 11:00 то 19:00 дар дафтари асосии кории ширкати «Tcell Plaza» намоишгоҳи суратҳои аксбардорони маъруф, бозиҳои шавқовар, намоиши филмҳои тасвирӣ, расмкашӣ, аква-грим ва дигар чорабиниҳои ҷолибу шавқовар гузаронида мешаванд. Ҳамаи воситаҳои ҷамъшуда барои кумак ба кӯдакони ятими […]



Анонс



– Дар доираи аксияи хайрияи «Рангҳои тобистон» (Краски Лета) ба муносибати Рӯзи аксҳо рӯзҳои 17-19 август аз соати 11:00 то 19:00 дар дафтари асосии кории ширкати «Tcell Plaza» намоишгоҳи суратҳои аксбардорони маъруф, бозиҳои шавқовар, намоиши филмҳои тасвирӣ, расмкашӣ, аква-грим ва дигар чорабиниҳои ҷолибу шавқовар гузаронида мешаванд. Ҳамаи воситаҳои ҷамъшуда барои кумак ба кӯдакони ятими интернати шаҳри Ҳисор равона мегарданд. Воридшавӣ озодона аст. Биёед ҳамроҳ кӯдаконро дастгирӣ мекунем!

– Дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ аз соати 15-00 то 18-00 то 18 август ва дар майдони «Дӯстӣ» аз соати 19-00 то 7 сентябр   ҳаракати нақлиёт қатъ карда мешавад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8682

сомонӣ;


1

евро –

8.8738

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1204

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи кормандони тиб.


1934

– Ифтитоҳи Спартакиадаи аввалини сартосарии Тоҷикистон.


1965

– Дар болооби дарёи Зарафшон экспедитсияи бостоншиносии Академияи улуми Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.


2004

– Пулиси андози ҶТ фаъолияти матбааи «Ҷиёнхон»-ро, ки дар он се ҳафтавори кишвар – «Нерӯи сухан», «Рӯзи нав» ва рӯзномаи ҳизбии «Наҷот» (ҲНИТ) ба нашр мерасиданд, аз фаъолият боздошт.


980-1057

– Зодрӯзи табиби форсу тоҷик, файласуф ва табиаташинос Абӯалӣ ибни Сино.


1949

– Мавлуди нависанда Назри Яздон.


1957

– Зодрӯзи Раънохон Абдураҳмонова, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон. Соли 2008 аз вазифа озод карда шуд.


1957

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Алиҷон Ғоибов.


1958

– Зодрӯзи математик Лафиз Бобоев.


1960

–Мавлуди журналист Шарофатхон Исломбердиева.


1965

– Зодрӯзи журналист Сайфиддин Суннатӣ.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +14+19.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.