Лоиҳаи муштараки «Азия-Плюс» ва «Спитамен Бонк». Кортҳои пластикӣ

Мавзӯи гузаштаи мо дар бораи хавфҳои гирифтани қарз аз шахсони воқеӣ буд, мавзӯи нав бошад ба кортҳои  бонкӣ ва намудҳои он бахшида шудааст. Ҳарсола дар давлатҳои дунё шумораи истифодабарандагони кортҳои бонкии пластикӣ зиёд шуда истодааст,Тоҷикистон низ истисно нест. Корти  пластикӣ – асбоби пардохтии шахсӣ буда, ба шахси истифодабаранда имконияти пардохти ғайринақдии молу хизматрасонӣ, гирифтани пули […]

Asia--Plus



Мавзӯи гузаштаи мо дар бораи хавфҳои гирифтани қарз аз шахсони воқеӣ буд, мавзӯи нав бошад ба кортҳои  бонкӣ ва намудҳои он бахшида шудааст.

Ҳарсола дар давлатҳои дунё шумораи истифодабарандагони кортҳои бонкии пластикӣ зиёд шуда истодааст,Тоҷикистон низ истисно нест. Корти  пластикӣ – асбоби пардохтии шахсӣ буда, ба шахси истифодабаранда имконияти пардохти ғайринақдии молу хизматрасонӣ, гирифтани пули нақд аз шӯъбаҳои бонк ва банкоматҳоро медиҳад. Аввалин корти пластикӣ солҳои 50-уми асри гузашта пайдо шудааст. Баъдтар онро такмил дода, дар солҳои 70-ум дар он хати оҳанрабоӣ бо маълумот оиди соҳиби корт ва суратҳисоби он пайдо гардид. Танҳо дар солҳои 90-ум онҳо дорои чип шуданд. Биёед, намудҳои кортро дида мебароем. Кортҳо дебетӣ, қарзӣ ва инчунин бо иҷозаи овердрафт мешаванд. Корти дебетии бонкро барои пардохти мол ва хизматрасонӣ бо маблағҳои пулии дар суратҳисоб ҷойдошта истифода мебаранд.

Тариқи корти қарзӣ хариди мол ва хизматрасонӣ бо қарз сурат мегирад, агарчанде дар ҳисоби шумо маблағи кифоя ҳам набошад.

Кортҳои иҷозаи овердрафт дошта дар худ хусусияти афзалиятҳои кортҳои дебетиву қарзиро доранд. Бо ин гуна корт, Шумо метавонед пулҳои дар суратҳисоб бударо истифода бурда, маблағи нарасидаро аз бонк қарз гиред. Афзалияти чунин корт дар паст будани фоизи қарз нисбати фоизи корти қарзӣ аст. Масалан, Шумо мехоҳед ба маблағи 500 сомонӣ харид намоед, аммо дар суратҳисобатон танҳо 470 сомонӣ ҳаст. Он гоҳ маблағи боқимондаро дар ҳаҷми 30 сомонӣ ба шумо бонк қарз медиҳад ва фоиз танҳо барои ҳамин 30 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.


Ҳамчунин кортҳо ба ин навъҳо ҷудо мешаванд:


Дохилӣ

. Ин кортҳо танҳо дар ҳудуди як давлат истифода бурда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо корти дохилии асосӣ “Корти миллӣ”мебошад.


Байналмиллалӣ

. Ин кортро чи дар кишвари мо ва чи дар хориҷи он истифода кардан мумкин аст. Кортҳои асосии байналмиллалӣ VISA, Maestro, Mastercard мебошанд. Вақтҳои охир низоми пардохтии Union Pay низ маъруфият пайдо кардааст.


Қоидаҳои дуруст истифода бурдани кортҳо:

* Кортро дар ҷои махсусе, ки ба он об нарасад, нигоҳ доштан лозим аст. Агар кортро ҳамроҳи худ гардонед, он гоҳ онро дар ҳамён ё ҷои дигари махсус нигоҳ доред то он осеб набинад.

* Аз таҷҳизоти хонагӣ ва аудиоаппаратҳо онро дур нигоҳ доред.

* Инчунин ҳамёнатон набояд қулфи оҳанрабоӣ дошта бошад.


Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова