Ихтисори беш аз 36 ҳазор ҷойҳои корӣ давоми ним сол

Нимсолаи аввали соли равон беш аз 36, 2 ҳазор ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон барҳам ё ихтисор карда шуданд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра зиёда аз 12,4 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, беш аз 10,4 ҳазор – ҷойҳои кории муваққатӣ ва ҳудуди 8 ҳазор – ҷойҳои кори мавсимӣ ихтисор карда […]

Asia--Plus



Нимсолаи аввали соли равон беш аз 36, 2 ҳазор ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон барҳам ё ихтисор карда шуданд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра зиёда аз 12,4 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, беш аз 10,4 ҳазор – ҷойҳои кории муваққатӣ ва ҳудуди 8 ҳазор – ҷойҳои кори мавсимӣ ихтисор карда шудаанд.

Дар бахши кишоварзӣ – беш аз 12,8 ҳазор ва дар саноати коркард, сохтмон, миёнаравии молиявӣ ва дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ низ ҷойҳои корӣ барҳам ё ихтисор карда шудаанд.

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ барҳам дода шудани зиёда аз 5,3 ҳазор ҷойҳои кории аз ҷониби шахсони хусусӣ таъсисдодашуда ба қайд гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият бинобар сабаби бекорӣ ё музди меҳнати паст, шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар рӯ оварда, асосан Русияро макони муҳоҷират интихоб мекунанд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, айни замон ҳудуди 1 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 77,4 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз ин миқдор зиёда аз 44 ҳазор ҷойҳои кориро шахсони хусусӣ таъсис додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.