Иштироки зодаи Тоҷикистон дар озмуни «Маликаи Дӯстии халқҳо» дар Боку

Зодаи Тоҷикистон Карина Комил (Шарипова)-и 25-сола дар озмуни зебоии Miss Union 2016 иштирок мекунад, ки даври хотимавии он 20 август дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад. Карина Комил дар Душанбе ба дунё омада, вақти хатми мактаби миёна оилаашон ба Русия мекӯчад. Айни замон ӯ дар шаҳри Маскав иқомат дошта, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил […]

Asia--Plus



Зодаи Тоҷикистон Карина Комил (Шарипова)-и 25-сола дар озмуни зебоии


Miss Union 2016


иштирок мекунад, ки даври хотимавии он 20 август дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад.


Карина Комил

дар Душанбе ба дунё омада, вақти хатми мактаби миёна оилаашон ба Русия мекӯчад. Айни замон ӯ дар шаҳри Маскав иқомат дошта, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунад.

Дар барномаи озмун Карина бо сарулибоси миллӣ бо забони тоҷикӣ суруд хонда, кӯшиш хоҳад кард, ки тамоми зебогии фарҳанги тоҷиконро ба маърази тамошо гузорад.

Дар сомонаи озмун зикр мегардад, ки Карина ҳаёти худро бидуни саҳна тасаввур карда наметавонад. Ӯ ба таври касбӣ аллакай мустақилона ба сурудхонӣ машғул аст.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории озмуни Miss Union дар Боку кумак ба гирифторон бемории саратон буда, 30%-и воситаҳои ҷамъоваришуда аз ин чорабинӣ барои муолиҷаи эҳтиёҷмандон равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки Карина Комил ҳамчунин

иштирокчии

шоу-барномаи маъруфи русиягии «Дом-2» низ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.