Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи бинои нави «Спитамен Бонк» дар Қурғонтеппа

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз, 25-уми август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии ифтитоҳи бинои нави филиали ҶСП «Спитамен Бонк» дар Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

«Бинои нав имкониятҳои филиалро зиёд гардонидааст. Нахуст, шароити будубоши мизоҷон ва кормандони Бонк дар сатҳи хеле баланд аст. Дуввум, маҳалли ҷойгиршавии филиал барои мизоҷон қулай аст. Сеюм, дар филиал маркази омӯзишӣ барои гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо барои кормандони Бонк, мизоҷон ва сокинони вилояти Хатлон омода карда шудааст.

Мо васеъгардонии шабакаҳои филиалиро пеш гирифтаем, то ин ки маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкии дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳамаи сокинони кишвар дастрас бошанд.

Инчунин, боиси хушнудист, ки маросими ифтитоҳи бинои нави филиал бо таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад», – гуфт Раиси Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк» Ниёзмурод Саидмуродов.

Дар филиал маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, пасандозҳо, интиқоли пул, мубодилаи асъор, пардохти хизматрасонии коммуналӣ, қарзҳои имтиёзнок, ва ғайраҳо расонида мешаванд.  Бино бо сабки муосир сохта шудааст ва беш аз 50 ҷойи корӣ дорад.

Рушди инфрасохтори шабакаи филиалӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити бароҳат барои мизоҷон ва кормандон вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» мебошанд. Дар давоми ду соли охир дар ин самт бисёр корҳо анҷом дода шуданд. Аксари филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ба стандартҳои корпоративии бонк мутобиқ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин аҳамияти сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои  таҳкими низоми бонкӣ, бонкҳо ва дастгирии рушди иқтисодиёти миллӣ таъкид намудан лозим аст.

Дар давоми фаъолияти сесолаи худ, Бонк ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт: дар ибтидои семоҳаи сеюми соли 2016 дороиҳои бонк зиёда аз 711,5 млн сомониро ташкил дода, сандуқи қарзӣ – 203,1 миллион сомонӣ ва ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ин сол ба 785 расид, аз ин 209 қарз ба маблағи 61,5 млн. сомонӣ ба занон дода шуд. Аз оғози фаъолияти бонк зиёда аз 7.215 қарзҳо (аз ҷумла 1181- ба занон), ба маблағи умумии 233,4 миллион сомонӣ дода шудааст.

ҶСП «Спитамен Бонк» фаъолияти худро соли 2008 ба ҳайси Ташкилоти хурди амонатию қарзӣ (ТХАҚ) «Спитамен Капитал» оғоз намуд. Таҷрибаи захирашуда, кадрҳои баландихтисос ва боварии мизоҷон барои пешрафт ва минбаъд ба бонки тиҷоратӣ табдил ёфтан заминаи хуб шуд. Сеюми январи соли 2014 ба ҶСП ТХАҚ «Спитамен Капитал» аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон барои гузаронидани фаъолияти бонкӣ иҷозатномаи расмӣ дода шуд ва дар бозори молиявии Тоҷикистон ҶСП «Спитамен Бонк» ба фаъолият оғоз кард.

Айни ҳол 12 филиал ва МХБ-и Спитамен Бонк дар саросари кишвар, маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро ба мизоҷони корпоративӣ ва хусусӣ пешкаш менамоянд.

Маълумоти бештарро дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои Спитамен Бонк дар сомонаи расмии

http://www.spitamen.com

  метавонед дастрас кунед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.