Иди Қурбон дар Тоҷикистон 12 сентябр таҷлил мегардад

Чун дар аксари кишварҳои мусулмонии саросари ҷаҳон сокинони Тоҷикистон имсол Иди Қурбонро санаи 12 сентябр таҷлил мекунанд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз эҳтимол дур нест, ки ин ид дар Тоҷикистон ҳам 12 сентябр ҷашн гирифта шавад ва Шӯрои уламо дар ҷаласаи рӯзи 3 сентябри худ санаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Чун дар аксари кишварҳои мусулмонии саросари ҷаҳон сокинони Тоҷикистон имсол Иди Қурбонро санаи 12 сентябр таҷлил мекунанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аз эҳтимол дур нест, ки ин ид дар Тоҷикистон ҳам 12 сентябр ҷашн гирифта шавад ва Шӯрои уламо дар ҷаласаи рӯзи 3 сентябри худ санаи дақиқи ҷашни идро эълон хоҳад кард.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.