Нигаронии президент аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонони Хатлон

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарону сокинони фаъоли вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки аз соли 2014 то инҷониб шахсияти 516 нафар сокинони вилоят, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд, муайян карда шуда, 164 нафари онҳо дастгир ва 24 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Сарвари давлат бо такя ба маълумоти оморӣ тамоили […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо роҳбарону сокинони фаъоли вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки аз соли 2014 то инҷониб шахсияти 516 нафар сокинони вилоят, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд, муайян карда шуда, 164 нафари онҳо дастгир ва 24 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Сарвари давлат бо такя ба маълумоти оморӣ тамоили афзоиши ҳолатҳои даст ба ҷиноят задани баъзе сокинони вилояти Хатлонро таъкид дошта, қайд кард, ки аз соли 2006 то инҷониб дар қаламрави ин минтақа қариб 40 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 7 ҳазору 721 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ин давра, хусусан, ҷиноятҳои одамкушӣ, хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон бештар ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои анҷомдодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 9 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин муайян ва дастгир карда шудааст.

«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятиро зарур аст, ки барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар қаламрави вилоят корҳои пешгирикунандаро тақвият бахшида, хусусан дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ боз ҳам қатъитар фаъолият карда, нисбат ба ҳама гуна амалҳои қонуншиканӣ дар доираи мукаррароти қонун чораҷӯӣ намоянд», – таъкид дошт сарвари давлат.

Ҳамчунин президенти мамлакат зарурати тарбияи наврасону ҷавонон, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан ва аз таъсири манфии равияҳои бегонаи хатарнок эмин доштани онҳо, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳтироми қонун ва риояи қонунияту тартибот тарбия кардани фарзандонро низ таъкид намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.