Ҳамлаи террористон ба Донишгоҳи амрикоӣ дар Кобул

Шоми рӯзи чоршанбе бинои Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул мавриди ҳамлаи ҷангиён қарор гирифт, ки ин замон дар дохили он садҳо нафар донишҷӯён ва чанде аз омӯзгорони амрикоӣ ҳузур доштанд. Хабаргузории ВВС менависад, бар асари ин ҳамла 13 нафар, аз ҷумла 7 нафар донишҷӯён, 3 корманди мақомоти пулис ва 3 тан аз муҳофизон ҳалок ва […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи чоршанбе бинои Донишгоҳи амрикоии Афғонистон дар Кобул мавриди ҳамлаи ҷангиён қарор гирифт, ки ин замон дар дохили он садҳо нафар донишҷӯён ва чанде аз омӯзгорони амрикоӣ ҳузур доштанд.

Хабаргузории ВВС менависад, бар асари ин ҳамла 13 нафар, аз ҷумла 7 нафар донишҷӯён, 3 корманди мақомоти пулис ва 3 тан аз муҳофизон ҳалок ва 35 нафари дигар донишҷӯёну 9 корманди пулис захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳои террористӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Зикр мегардад, ки тақрибан соати 19-00 рӯзи 24 август террористи маргталаб дар автомашинаи дорои маводи тарканда худро назди дарвозаҳои донишгоҳ мавриди инфиҷор қарор дода, сипас якчанд нафар афроди мусаллаҳ ба бинои донишгоҳ даромадаанд ва ба тирандозӣ шурӯъ кардаанд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, Донишгоҳи амрикоии Афғонистон аз муассисаҳои таълимии муътабар дар ин кишвар аст ва бисёре аз устодони он низ хориҷӣ мебошанд. Ин донишгоҳ, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, ҳудуди 1700 донишҷӯ дорад ва илова бар таълими забони англисӣ, давраҳои омӯзишӣ барои калонсолон барои боло бурдани сатҳи тахассус, баргузор мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.