«Сомон Эйр» ҳавопаймои «Суперҷет»-и Русияро хариданист

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» масъалаи харидории ҳавопаймои «Суперҷет» (SSJ-100)-и истеҳсоли ширкати «Гражданские самолёты Сухого» -и Русяиро баррасӣ дорад. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» хабар доданд, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи ширкат бо директор оид ба фурӯши ширкати «Гражданские самолёты Сухого» Фирӯз Ҳасанов баргузор гардид. Намояндагони ширкати «Гражданские самолёты […]

Asia--Plus



Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» масъалаи харидории ҳавопаймои «Суперҷет» (SSJ-100)-и истеҳсоли ширкати «Гражданские самолёты Сухого» -и Русяиро баррасӣ дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» хабар доданд, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи ширкат бо директор оид ба фурӯши ширкати «Гражданские самолёты Сухого» Фирӯз Ҳасанов баргузор гардид.

Намояндагони ширкати «Гражданские самолёты Сухого» маҳсулоти худро ба менеҷерони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муаррифӣ карда, қайд намуданд, ки ҳавопаймои SSJ100 барои иҷро кардани парвозҳо дар масофаи кӯтоҳ аз ҷиҳати иқтисодӣ хело ҳам муносиб мебошад. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки баъди аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда пешкаш кардани пешниҳоди тиҷоратӣ мулоқотро давом хоҳанд дод.

Дар мулоқоти дигар бо намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» ба роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр» таърих ва фаъолияти яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии бонуфузи ҷаҳон – Qatar Airways муаррифӣ гурдида,масъалаи ҳамкориҳои имконпазир миёни ду ширкати ҳавопаймоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Россия, Хитой ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.