Боздошти боз як адвокати ҲНИТ ба гумони ифшои сирри давлатӣ

Наздикони Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао мекунанд, ки пас аз як рӯзи нопадид шудан, ӯ расман боздошт шудааст. Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бародараш рӯзи 23 август, баъди як рӯзи нопадид шудан бо онҳо телефонӣ дар тамос шуд ва хабар […]

Радиои Озодӣ



Наздикони Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао мекунанд, ки пас аз як рӯзи нопадид шудан, ӯ расман боздошт шудааст.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки бародараш рӯзи 23 август, баъди як рӯзи нопадид шудан бо онҳо телефонӣ дар тамос шуд ва хабар дод, ки дар бинои Додситонии кулл қарор дорад ва ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе интиқол меёбад.

Хосият Ёрова гуфт, ки дар ин сӯҳбати телефонӣ Ҷамшед гуфтааст, ки Додситонии кулл ӯро дар интишор додани нусхаи ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати аъзои раёсати ҲНИТ айбдор мекунад. Аммо мақомоти Додситонии кулл дар иртибот ба ин масъала иттилое надоданд, аз ҷумла ин хабарро расман тасдиқ ё инкор накарданд. Санҷиши дурустии ин хабар феълан имкон надорад, ҳеҷ як аз сохтори қудратии Тоҷикистон омода нашуд, ки ин қазияро барои матбуот шарҳ диҳад.

Вале ба иддаои Хосият Ёрова, ки бо такя ба занги кӯтоҳи телефонии бародараш Ҷамшед Ёров сӯҳбат мекард, алайҳи бародараш бо моддаи 311 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад), айб эълон карда шуд.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров таъкид мекунад, ки бародараш дар баҳси қазияи додгоҳии аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо аз Муҳаммадалии Ҳаит ҳимоят мекард ва нусхаи ҳукми Додгоҳи Олиро дар даст надошт. Ҷамшед бародари Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси дигар аст, ки ҳоло дар додгоҳ аз рӯи иттиҳоми «барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ва инчунин қаллобӣ посух медиҳад. Худи ӯ аз оғоз ин иттиҳомотро беасос номида рад кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.