Боздошти даҳҳо Тоҷикистониён дар Алмаато

Дар «Зеленый базар»-и шаҳри Алмаато 15 нафар шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будаанд, боздошт намуданд. Бино ба иттилои i-News.kz , аз боздоштшудагон 11 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 4 нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, ки бидуни сабт дар мақомоти андоз ва бе истифода аз дастгоҳҳои хазинавӣ ва дар 10 ҳолат бидуни ҳуҷҷатҳои будубоши доимӣ […]

Asia--Plus



Дар «Зеленый базар»-и шаҳри Алмаато 15 нафар шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будаанд, боздошт намуданд.

Бино ба иттилои

i-News.kz

, аз боздоштшудагон 11 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва 4 нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, ки бидуни сабт дар мақомоти андоз ва бе истифода аз дастгоҳҳои хазинавӣ ва дар 10 ҳолат бидуни ҳуҷҷатҳои будубоши доимӣ меваи тару тоза ва хушкмева мефурӯхтаанд.

Дар ҳамин ҳол,

шабакаи телевизионии «Алматы»

иттилоъ медиҳад, ки дар ин бозор беш аз 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки аксарашон ҳуҷҷати тасдиқкунадаи шахсият ва санади бақайдгирӣ надоштаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, тӯли 7 моҳи соли равон ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шаҳрвнадони ҷумҳурӣ ба Қазоқистон сафар кардаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.