Президент қонун «Дар бораи авф»-ро ба имзо расонид

Asia--Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принтсипи инсондӯстии қонунгузории кишвар  ва ба пешвози 25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ


«Дар бораи авф»


 -ро, ки аз тарафи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

қабул гардид,

ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар қонун авфи шахсоне, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир намудаанд, пешбинӣ карда мешавад. Қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор дода мешавад.

Парвандаҳои ҷиноӣ нисбати шахсоне, ки мавриди афв қарор гирифтаву дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ғоибона қатъ мешавад. Ин тадбир барои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ пеш гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои наздик матни пурраи Қонун дар матбуот чоп мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...