Имкони ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 24 август бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хаҷиме Китаока дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд миёни кишварҳо ва имкони ҷалби сармоягузориҳо ба бахшҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаҳои саноат, савдо, нақлиёт таваҷҷуҳи […]

Аваз Юлдошев



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 24 август бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хаҷиме Китаока дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд миёни кишварҳо ва имкони ҷалби сармоягузориҳо ба бахшҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаҳои саноат, савдо, нақлиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, атрофи масъалаҳои мувофиқи мақсад будани ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни кишварҳо табодули назар намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин рафти амалисозии лоиҳаҳои муштараки байнидавлатӣ, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат карда метавонанд, низ баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.