Ҳабси адвокати Маҳмадалии Ҳайит ба муҳлати 2 моҳ

Asia-Plus

Ҷамшед Ёров, адвокати ба ҳабси абад маҳкумшудаи муовини раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бародари адвокат Бузургмеҳр Ёров пешакӣ ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шудааст, – иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти хешовандону наздикони ӯ.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, қарори ҳабси бародараш дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хонда шудааст. «Қарори ҳабси бародарам бо ҳузури додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва муфаттиши парванда бар асоси моддаи 111-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, яъне "ба ҳабс гирифтан" содир шудааст», – гуфтаст ӯ.

Ба қавли номбурда, интизор меравад, имрӯз бародарашро аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия, воқеъ дар назди маҳбаси рақами 1-и Душанбе, интиқол диҳанд.

Гуфта мешавад, то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошт ва иттиҳоми алайҳи Ҷамшед Ёровро эълон накардаанд ва чизе, ки то ҳоло дастраси расонаҳо шудааст, хабари хонаводаи ӯст, ки мегӯянд, Ҷамшед Ёров ҳафтаи гузашта нопадид шуд ва баъдан телефонӣ ба онҳо расонд, ки гӯё барои ифшои ҷузъиёти ҳукми аъзои ҲНИТ боздошт шудааст.

Вале хонаводаи Ҷамшед Ёров гуфтаанд, ӯ танҳо аз ҳаққи Маҳмадалии Ҳаит дифоъ мекард ва ба ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дастрасӣ надошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...