ХБА масъалаи кумак ба «Тоҷиксодиротбонк»-ро баррасӣ дорад

Зимни мулоқоти мудири мувақатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс масъалаи дастгирии бонк аз ҷониби ин ниҳоди молӣ баррасӣ шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», дар рафти мулоқот Мудири муваққатӣ меҳмононро бо шарҳи вазъи имрӯзаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шинос намуд. «Ҷонибҳо дар мавриди […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти мудири мувақатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бо ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс масъалаи дастгирии бонк аз ҷониби ин ниҳоди молӣ баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», дар рафти мулоқот Мудири муваққатӣ меҳмононро бо шарҳи вазъи имрӯзаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шинос намуд. «Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи Барнома механизми васеи қарздиҳии ХБА, зарурати расонидани кӯмак, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда фикру андешаҳои худро баён дошта, ҷаноби Пол Росс аз вохӯрӣ бо Мудири муваққатӣ изҳори қаноатмандӣ намуд», – омадааст дар маълумоти бонк.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ бо ҳайати намояндагии ХБА мудири муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҷиҳати иҷрои нақшаҳое, ки барои солимгардонии Бонк равона мегардад изҳори ақида намуд, ки аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон «Тоҷиксодиротбонк» дар вазъи душвори молӣ қарор дорад. Дар робита ба норасоии захирахои молӣ бонк дар ҳаҷми пурра ва саривақт наметавонад хизматгузориҳояшро ба мизоҷон анҷом диҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки ахиран мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.

Қаблан  иттилоъ дода будем , ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда  маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.