Ҳабси адвокати Маҳмадалии Ҳайит ба муҳлати 2 моҳ

Ҷамшед Ёров, адвокати ба ҳабси абад маҳкумшудаи муовини раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бародари адвокат Бузургмеҳр Ёров пешакӣ ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шудааст, – иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти хешовандону наздикони ӯ. Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, қарори ҳабси бародараш дар […]

asia+, asia+

Ҷамшед Ёров, адвокати ба ҳабси абад маҳкумшудаи муовини раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бародари адвокат Бузургмеҳр Ёров пешакӣ ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шудааст, – иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти хешовандону наздикони ӯ.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, қарори ҳабси бародараш дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хонда шудааст. «Қарори ҳабси бародарам бо ҳузури додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва муфаттиши парванда бар асоси моддаи 111-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, яъне "ба ҳабс гирифтан" содир шудааст», – гуфтаст ӯ.

Ба қавли номбурда, интизор меравад, имрӯз бародарашро аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия, воқеъ дар назди маҳбаси рақами 1-и Душанбе, интиқол диҳанд.

Гуфта мешавад, то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошт ва иттиҳоми алайҳи Ҷамшед Ёровро эълон накардаанд ва чизе, ки то ҳоло дастраси расонаҳо шудааст, хабари хонаводаи ӯст, ки мегӯянд, Ҷамшед Ёров ҳафтаи гузашта нопадид шуд ва баъдан телефонӣ ба онҳо расонд, ки гӯё барои ифшои ҷузъиёти ҳукми аъзои ҲНИТ боздошт шудааст.

Вале хонаводаи Ҷамшед Ёров гуфтаанд, ӯ танҳо аз ҳаққи Маҳмадалии Ҳаит дифоъ мекард ва ба ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба 14 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дастрасӣ надошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.