Ҳадяи ҲХДТ ба кӯдакони ниёзманд дар остонаи соли нави хониш

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз охири моҳи август то аввали моҳи сентябр аксияи хайрияи умумиҷумҳуриявии «Нури маърифат»-ро роҳандозӣ намудааст. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи чорабинии мазкур ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ба […]

Аваз Юлдошев

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз охири моҳи август то аввали моҳи сентябр аксияи хайрияи умумиҷумҳуриявии «Нури маърифат»-ро роҳандозӣ намудааст.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи чорабинии мазкур ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ба омодагии кӯдакони ятим, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба соли нави хониш мусоидат мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як шаҳру ноҳия на камтар аз 20 нафар кӯдакон аз ин қишри аҳолӣ ба аксия фаро гирифта шуда, онҳо бо сарулибоси мактабӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурии дарсӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.