Раҳпаймоии 60 ҳазор тоҷикистониён ба ифтихори ҷашни Истиқлолият

Аваз Юлдошев

Ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии оммавии сокинони пойтахт доир мегардад, ки дар он иштироки ҳудуди 60 ҳазор нафар дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, иштирокчиёни раҳпаймоии идона аз майдони «Дӯстӣ» гузашта, онҳоро раҳбарияти олии кишвар шодбош хоҳад гуфт.

Айни замон иштирокчиёни раҳпаймоӣ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр, майдонҳои мактабҳои олӣ ва техникуму коллеҷҳо омодагӣ мегиранд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар робита ба раҳпаймоии оммавии идона дар майдони асосии кишвар, шояд гузашти низомии ба санаи 9 сентябр таъиншуда бо ҳузури 16 ҳазор сарбозону афсарони гарнизони Душанбе ба рӯзи 8 сентябр гузаронда шавад.

«Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки раҳпаймоии идона санаи 9 сентябр баъди анҷоми гузаштпи низомӣ доир мегардад. Алҳол ин масъала комилан ҳаллу фасл нашудааст», – иброз дошт манбаъ ва илова кард, ки дар гузашти низомии қарибулвуқӯъ авиатсия ва техникаи ҳарбӣ сафарбар намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...