Қадрдонии як гурӯҳи тоҷикистониён бо мукофотҳои давлатӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд. Бино ба […]

Asia--Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон солгарди навбатии ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба аҳли толор, мардуми кишвар ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ муборакбод гуфта, соҳибони ҷоизаву мукофотҳои давлатиро ба муносибати сазовор шудан ба қадршиносоии роҳбарияти давлату ҳукумат табрик намуданд.

Сипас хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва намояндагони дигар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои Шараф дараҷаи 2, медалҳои хизмати шоиста, Шафқат, бо унвонҳои фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди Шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени Спитамен дараҷаи 1, Ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, рутбаҳои навбатии тахассусӣ ва ба олимони ҷавон Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи кормандоне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ карда шудаанд, самимона табрик намуда, ба онҳо барору комёбӣ ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.