Боздиди вакилони парлумон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни боздид вакилон бо рафти сохтмони ин иншооту бузургу тақдирсози кишвар ва шароитҳои кору истироҳати бинокорон шинос шуда, ҳамчунин аз толори асосии нерӯгоҳ, ки дар […]

Аваз Юлдошев



Як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта аз майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздид намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни боздид вакилон бо рафти сохтмони ин иншооту бузургу тақдирсози кишвар ва шароитҳои кору истироҳати бинокорон шинос шуда, ҳамчунин аз толори асосии нерӯгоҳ, ки дар он агрегатҳои нерӯгоҳ гузошта мешаванд, низ боздид карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба вакилони парлумон аз ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар сохтмони иншоот, аз ҷумла сохторҳои таҳкими деворҳо, механизм ва тартиби насби агрегатҳо ва тарзи васли онҳо бо дастгоҳҳои қабули нерӯи барқ маълумот доданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин толор барои насби 6 агрегат бо иқтидори умумии 3600 МвТ ва дигар асбобу таҷҳизоти зарурӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.