СММ: Қариб сеяки аҳолии сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мушкилӣ доранд

Рӯзи 28 август дар шаҳри Стокголм Ҳафтаи ҷаҳонии об оғоз гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода намояндагӣ мекунад. Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иштирокчиёни Ҳафтаи об – коршиносон, сиёсатмадорон, роҳбарони корхонаҳои тиҷоратии маъруфи ҷаҳон, таҳиягарони технологияҳои нав ва соҳибкасбони ҷавон аз кишварҳои гуногун барои […]

Asia--Plus



Рӯзи 28 август дар шаҳри Стокголм Ҳафтаи ҷаҳонии об оғоз гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар он муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иштирокчиёни Ҳафтаи об – коршиносон, сиёсатмадорон, роҳбарони корхонаҳои тиҷоратии маъруфи ҷаҳон, таҳиягарони технологияҳои нав ва соҳибкасбони ҷавон аз кишварҳои гуногун барои табодули назару андеша, дарёфти тарзу воситаҳои нави ҳалли мушкилоти марбут ба об дар Стокголм гирдиҳам меоянд.

Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, имрӯз қариб сеяки аҳолии сайёра аз дастрасӣ ба оби ошомидан

ӣ

мушкилӣ дошта, дар баробари ин, дар кишварҳои дар ҳоли рушди иқтисодӣ қарордошта талабот ба об зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сол то сол аҳолии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бештар ба мушкили норасоии об дучор гардида, афзоиши шумори аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисодӣ мушкилоти иловагӣ барои ин кишварҳоро ба бор меоваранд.

«Дастрасии солонаи об ба ҳар як сари аҳолӣ айни замон дар минтақа 2500 метри мукаабро ташкил дода, соли 2030 поинравии он то сатҳи 1700 метри мукааб пешбинӣ мешавад, ки сатҳи байнулмилалии эътирофшудаи норасоии об мебошад», – зикр мекунанд коршиносони Бонк.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар чорабинии Ҳафтаи ҷаҳонии об аз 130 кишвари ҷаҳон беш аз 3300 нафар намояндагон ширкат варзида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.