Дар Тамбов духтари рӯймолпӯши тоҷикро ба мактаб роҳ надоданд

Date:

Дар шаҳри Тамбови Русия толибаи синфи 8-умро, ки бо рӯймол дар сараш ба машғулиятҳо ҳозир шуд, ба мактаби №36 роҳ надоданд ва ин бори аввал нест, ки бо мусалмондухтарон дар ин шаҳр (қаблан дар мактаби №13) чунин рафтор мекунанд.

Роҳбари муассисаи таълимӣ ба нашрияи маҳаллии “Новый Тамбов” дар ин робита гуфтааст, дар мактаби №36 меъёри ягонаи сарулибоси мактабӣ муқаррар шуда, ҳамаи хонандагон бояд мутобиқи он амал кунанд.

Маълум шудааст, ки ин духтар аз оилаи мусалмонҳо буда, ду сол пеш аз Тоҷикистон ба Тамбов омадаанд. Падари духтар Хуршед Сафолов қайд кардааст, ки айни замон сари масъалаи ба мактаб рафтани духтараш бо сарулибоси дунявӣ ва ё дар хона бо таълим гирифтанаш фикр дорад.

Моҳи феврали соли 2015 Суди олии Русия манъи ҳиҷобпӯшӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Мордовияро қонунӣ эътироф намуд. Қаблан суди Ставропол низ чунин қарор карда буд. Зикр гардида буд, ки дар Русия хусусияти дунявӣ доштани таълим муқаррар шуда, қарори манъи рӯймолбандӣ ба бехатарии хонадагон марбут аст.

Ғайр аз ин, аксари хонандагони муассисаҳои таълимии Русия зуҳуроти хеле зиёд ва барҷастаи динӣ дар ҳамсолони худро намеписанданд. Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон низ ба хонандагон бо рӯймол ва ҳиҷоб ба мактаб рафтан манъ аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...