ЮНИДО Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои дорои даромади паст шомил кард

Пайрав Чоршанбиев

Дар гузориши нави СММ оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО) Тоҷикистон дар қатори кишварҳои бештар қафомондаи Африқо, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ ба сафи давлатҳои дорои даромади паст шомил шудааст, ки Маҷмӯи даромади миллӣ (МДМ) ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо 1 045 ва аз ин миқдор поинтарро ташкил медиҳад.

Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Арманистон, Молдова ва Гурҷистон дар қатори кишварҳои дорои даромади сатҳи аз миёна пасттар дохил шудаанд, ки МДМ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо ба аз 4 125 то 1 046 доллари ИМА баробар аст.

Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Беларус ҳамроҳ бо Чину Эрон дар гурӯҳи кишварҳои дорои даромади аз миёна болотар қарор доранд, ки МДМ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо аз 12 475 то 4 126 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Русия, Эстония, Литва ва Латвия ба сафи кишварҳои дорои сатҳи даромади баланд мансубанд, ки сатҳи МДМ ба ҳар як сари аҳолӣ дар ин кишварҳо ба аз 12 746 доллари ИМА ва аз он зиёдтар баробар аст.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2015 Маҷмӯи даромади миллӣ ба ҳар як сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 1 080 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...