ОМОН: Аз Гулмурод Ҳалимов паёмакҳои таҳдидомез нагирифтаем

Хизматчиёни Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон ҳеҷ паёмаки гӯё аз ҷониби собиқи фармондеҳашон Гулмурод Ҳалимов баимзорасидаро дарёфт накардаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ин сохтори қудратӣ хабар доданд, ҳеҷ кадоме аз собиқ ҳамхизматони полковники фирорӣ аз ӯ смс-паёмаки таҳдидомез нагирифтаанд. «На ба раҳбарият ва на ба хизматчиёни дастаи мо чунин паёмакҳо нарасидаанд», – итминон […]

Asia-Plus

Хизматчиёни Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон ҳеҷ паёмаки гӯё аз ҷониби собиқи фармондеҳашон Гулмурод Ҳалимов баимзорасидаро дарёфт накардаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ин сохтори қудратӣ хабар доданд, ҳеҷ кадоме аз собиқ ҳамхизматони полковники фирорӣ аз ӯ смс-паёмаки таҳдидомез нагирифтаанд. «На ба раҳбарият ва на ба хизматчиёни дастаи мо чунин паёмакҳо нарасидаанд», – итминон длданд ба «Азия-Плюс» дар ин сохтор ва илова карданд, ки Гулмурод Ҳалимов ҳамчун як овозхони кӯчагӣ худро таблиғ мекунад ва мехоҳад, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мардум бошад.

Ёдрас мекунем, ки 6 сентябр хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар телефонҳои ҳамроҳи худ паёмакҳои таҳдидиеро дарёфт кардаанд, ки гӯё аз номи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов будааст.

Reuters хабар дода буд, ки ин далелро ба хабарнигор ду манбаъ дар мақмоти амният тасдиқ кардаанд. Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хадамоти амнияти Тоҷикистон ба таҳқиқи ин далелҳо шурӯъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, се ниҳоди қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дарёфти паёмаки таҳдидомез аз Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН ва ҳоло "вазири ҷанг"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба Радиои Озодӣ рад кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.