Дар Душанбе ошпази беҳтаринро муайян мекунанд

Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 10 сентябр аз озмун барои дарёфти унвони беҳтарин ошпаз (оши палав) дар Тоҷикистон натиҷагирӣ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар озмун намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон – беш аз 120 нафар ошпазҳо иштирок хоҳанд кард. Танҳо шаҳри Душанберо дар озмун […]

Аваз Юлдошев

Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 10 сентябр аз озмун барои дарёфти унвони беҳтарин ошпаз (оши палав) дар Тоҷикистон натиҷагирӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар озмун намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон – беш аз 120 нафар ошпазҳо иштирок хоҳанд кард.

Танҳо шаҳри Душанберо дар озмун 6 нафар ошпазҳо намояндагӣ хоҳанд кард, ки дар 6 дег бо 300 кило биринҷро оши палав тайёр мекунанд. Ба ошпазҳои Душанбе дар озмун ғолиби озмуни шаҳрӣ, ошпази чойхонаи «Роҳат» Афзалшо Холов роҳбарӣ мекунад.

Ғайр аз пухтани оши палав, миёни ошпазҳо озмунҳои беҳтарин оростагари дастурхон барои оши палав ва ҳамчунин озмуни сарулибоси беҳтарини ошпазҳо низ гузаронида мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.