Табодули таҷрибаи Тоҷикистону Япония дар самти коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ

Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири таҷдид – вазири масъул оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати барқароршавӣ пас аз садамаи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи Фукушима ҷаноби Масаҳиро Имамура, ки ҳамзамон вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония ва узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония мебошад, мулоқот анҷом дод. Сафири Тоҷикистон Масаҳиро Имамураро ба муносибати таъйин шуданаш […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири таҷдид – вазири масъул оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати барқароршавӣ пас аз садамаи ҳастаӣ дар нерӯгоҳи Фукушима ҷаноби Масаҳиро Имамура, ки ҳамзамон вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония ва узви Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония мебошад, мулоқот анҷом дод. Сафири Тоҷикистон Масаҳиро Имамураро ба муносибати таъйин шуданаш ба мақоми вазирӣ табрик намуда, комёбиҳо орзӯ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро, аз ҷумла табодули таҷриба ва технология барои коҳиши таъсири офатҳои табиӣ ва зарурати ҳамкорӣ байни ниҳодҳои хусусии ду кишвар дар татбиқи тарҳҳои барқарорсозӣ дар соҳаи мазкур баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон доир ба аҳамияти таъмини мусоидати техникӣ ва молиявӣ ба сохторҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар сатҳи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.