Кордзании ҷавоне аз Ваҳдат ба ҷавондухтари 22-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд. Тавре дафтари матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, номбурда шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли 2016, тахминан соати 01:30-дақиқа дар кӯчаи Х.Ризои шаҳри Ваҳдат аз сабаби муносибати ошиқона доштанашон, бо ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Ваҳдат […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, номбурда шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли 2016, тахминан соати 01:30-дақиқа дар кӯчаи Х.Ризои шаҳри Ваҳдат аз сабаби муносибати ошиқона доштанашон, бо ҷавондухтари 20-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.