Қадрдонии Дилшод Назаров дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ

Asia-Plus

Бо даъвати ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии афсарону сарбозони ин ниҳоди қудратии кишвар бо қаҳрамони бозиҳои 31 уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-Де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров доир гардид. Дар мулоқот бо гурзандози маъруфи тоҷик қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва варзишгарони Клуби марказии варзиши Артиши Вазорати мудофиа иштирок доштанд.

Афсарону сарбозони муҳофизи Ватан қаҳрамони варзишии худро дар риштаи мусобиқаи гурзпартоӣ бо як самимяти хоса, муҳаббат ба ин Ватану ҳар як фарди ҳудогоҳи он пешвоз гирифта, қаҳрамонии ӯро беҳтарин тӯҳфа дар арафаи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд. Қабл аз оғози сӯҳбату мулоқот бо ин варзишгари маъруфи миллат ҳайати низомиёни дар толор буда, аз дастовардҳои варзишии фарзанди диловари Ватан, ки намунаи барҷастаи қаҳрамониву шуҷоат ба халқу ин сарзамин маҳсуб меёбад, ёдоварӣ карда, бо изҳори назар нисбат ба медали тиллои олимпии ӯ қайд карданд, ки ин дастоварди беназир барои тамоми Тоҷикистониён, аз ҷумла афсарону сарбозони Артиши миллии кишвар мебошад.

Албатта, ин ҳама шодиву сурур ва тантанаҳои идонаи низомиёни мамлакат дар арафаи ҷашни бузурги миллат, Истиқлолияти давлатӣ, агар аз як тараф дастоварди олии варзишии ӯ ба ҳисоб равад, аз ҷониби дигар ин дар оилаи хизматчии ҳарбӣ тарбия ёфтани Дилшод маҳсуб меёбад. Бояд тазаккур дод, ки Дилошод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи шахси низомӣ афсари Вазорати мудофиа Ҷамолиддин Назаров ба дунё омада, нахуст сабақи варзишии худро аз падар гирифтааст, ки ба қавли Дилшод зимни ширкат ва ғолибият дар бозиҳоии олимпӣ акс ёфтани расми падар дар либоси варзишии ӯ бузургӣ ва намунаи хизмат дар ин роҳ мебошад.

Зимни сӯҳбату вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама ҳамхизматони падари худ қаҳрамони варзиши муосири тоҷик эҳсосоти худро замони ширкат дар бозиҳои олимпӣ ба хотир оварда, инро беҳтарин комёбӣ дар ҳаёти худ ва муаррифии давлату миллат арзёбӣ карда, бо ифтихор изҳор дошт, ки ин ғалабаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст.

Дар охир, вобаста ба қадрдонии хизматҳои Дилшод Назаров дар соҳаи вариши ҷумҳурӣ ва ғолиб омадан дар бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳбарияти Вазорати мудофиа қаҳрамони олимпии худро бо медали «Барои таҳкими иттиҳоди ҳарбӣ» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...