Оғози тантанаҳои ҷашнӣ бо гузашти низомӣ

Asia-Plus

Тантанаҳои идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид.

Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони баргузории чорабинӣ фармондеҳи парад, сардори гарнизони ҳарбии Душанбе генерал – майор Латиф Файзиев ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенант  Шералӣ Мирзо аз омодагии парад гузориш дод.

Сипас Вазири мадофиа ҳайати шахсии ҷузъу томҳоро бо арзи салом ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба суӣ минбари ифтихори раҳсипор гардид ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе, оид ба расми гузашти ҳарбӣ гузориш дод.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири ҷумҳурӣ дар даврони соҳибихтиёрии мамлакат бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуданд.

Баъд аз садои суруди миллӣ расми гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид, ки нахуст ба майдон тарбиятгирандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ворид шуданд.

Ба ҳамин тартиб бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ, занону бонувони Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоту агентиҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, баталионҳои тобеи Ситоди генералӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамал ва ротаи кинологҳо бо сагҳо ва аспҳои хизматӣ, ки шумораи онҳоро беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ташкил медоданд, расми гузашти низомӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни ин чорабинии муҳими сиёсӣ инчунин аз ҷониби афсарону сарбозони ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази майдони баргузории чорабинӣ платс-консерт ё худ ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.

Ҷузъу томҳои ротаи Қаровули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералӣ, ҳангоми иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомӣ бо саф ва силоҳи худ нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солро таҷассум намуданд.

Илова бар ин аз ҷониби ҳайати шахсии Оркестри ҳарбии муттаҳида, ки иборат аз 200 нафар буданд, маҷмуи созҳои нафасии ҳарбии бастакорони тоҷик, ки дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оҳанг дароварда шудаанд, намоиш дода шуд. Ҳангоми расми гузашти низомӣ ва иҷро намудани ҳаракатҳои мавзуни низомии ротаи қаровули фахрӣ, оҳангҳои бастакорони шинохтаи тоҷик Зокирҷон Нишонов, Фозил Солиев, Шодмон Пулодӣ, Рустам Содиқов ва дигарон садо доданд.

Аксҳо аз Sputnik

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...