Шӯрои ҳуқуқи башари СММ вазъ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев

Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали муттаҳид, ки имрӯз, 13 сентябр дар Женева ба кор шурӯъ мекунад, вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иҷлосия то 30 сентябр идома ёфта, миёни кишварҳое, ки дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар доираи Гузориши универсалӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд, Тоҷикистон низ ҳузур дорад.

Аз Вазорати адлияи ҶТ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия тавсияҳое, ки Тоҷикистон моҳи майи соли равон дар мавриди беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи башар қабул карда буд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки 6 майи соли равон ҳайати Тоҷикистон дар Женева ба аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Гузориши даврии универсалии риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳуриро дар давраи 5 сол – аз соли 2010 то соли 2015 пешниҳод кард. Дар посух ба маърӯзаи вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод, аъзои Шӯро Тоҷикистонро ба талоши бештар баҳри беҳбуди вазъ бо риояи ҳуқуқи инсон, таъмини озодии баён ва аз байн бурдани шиканҷа даъват карданд.

Дар сомонаи СММ аз кирдори бераҳмона бо маҳкумшудагон, ҳуқуқи занон, маъюбон, аққалиятҳои ҷинсӣ ва вазъи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ хабар дода шуда буд, ки ин рӯйхати нопурраи масоили ба унвони Тоҷикистон садодода зимни баррасии гузориши даврии ин кишвар буд. Аз 203 тавсия ҳайати Тоҷикистон 119-тоашро пазируфт.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор карда буд, ки тавсияҳои пешниҳодшуда дақиқан таҳлил ва бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд». «Қисмати зиёди тавсияҳоро мо қабул карда, оид ба тавсияҳои боқимонда мувофиқи тартиботи муқарраршуда мавқеи кишвар пешниҳод мешавад», – иброз дошта буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...