Ашқобод доир ба тақвияти суръати сохтмони роҳи оҳани Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар бораи тақвияти корҳо дар сохтмони роҳи оҳан, ки бидуни убури марзи Ӯзбекистон, ин кишварро бо Тоҷикистон мепайвандад, изҳори андеша кард.

Бино ба иттилои Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон (TDH),  имрӯз зимни суханронӣ дар парлумон сарвари давлати Турманистон қайд кард, ки «айни замон корҳои сохтмони роҳи оҳани Турманистон-Афғонистон-Тоҷикистон босуръат идома доранд».

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати Туркманистон то ҳол протокол дар бораи минбаъд амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани мазкурро, ки аз ҷониби Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расидааст, маъқул нашуморидааст.

Ӯ қайд кард, ки ин протоколро Афғонистону Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 ба имзо расонида, сипас ба баррасии ҳукукмати Турманистон фиристода шудааст ва то ҳол аз он ҷо посухе нагирифтаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки қаблан дар интихоби хатсайри роҳ тариқи қаламрави Афғонистон баҳсҳо вуҷуд доштанд. «Дар қитъаи роҳ дар қаламрави Афғонистон ду хатсайр пешниҳод шуда, хатсайри кӯтоҳи он аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод ва масофааш 160 километрро ташкил медиҳад ва масофаи хатсайри нисбатан дарозтари аз ҷониби Афғонистон пешниҳодшуда ба беш аз 500 километр баробар аст. Бо Афғонистон мо аз рӯи ҳамаи масъалаҳо тавофуқ ҳосил кардем, акнун мувофиқасозии баъзе ҳолатҳо бо Туркманистон боқӣ мондааст», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Туркманистон аллакай сохтмони қитъаи роҳи оҳан дар қаламрави кишвари худашро, ки 88 километрро ташкил медиҳад, ба итмом расонидааст. Айни замон ҷониби Туркманистон аз ҳисоби худ ба сохтмони қитъаи роҳи оҳан дар Афғонистон то шаҳри Андхой машғул аст.

Охири соли гузашта Бонки осиёгии рушд изҳор дошт, ки ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воистаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...