Болоравии тарифҳои истифодаи об дар Душанбе

Пайрав Чоршанбиев

Аз 1 октябри соли равон тарифҳои истифодаи оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе ба андозаи беш аз 20% боло мераванд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Обу корези Душанбе» оид ба афзоиши тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои обу корез барои аҳолиро қисман қонеъ кардааст.

«Аз 1 октябри соли ҷорӣ аҳолӣ барои 1 метри мукааби об ба ҷойи 0,51 сомонии ҳозира 0,62 сомонӣ пардохт мекунад, – гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Сайидалӣ Зарипов.

Ӯ қайд кард, ки КВД «Обу корези Душанбе» дар мавриди болоравии тарифҳо ба оби ошомиданӣ ба андозаи зиёда аз се маротиба – то як сомонӣ муроҷат карда, ин пешниҳоди худро бо он асоснок намудааст, ки корхона қарзҳои хеле зиёд дорад ва онҳоро мебояд пардохт намуд.

«Аммо бо назардошти вазъи ҳозираи имкони молиявии аҳолӣ, мо ба то ин андозаи назаррас боло бурдани тарифҳо розӣ шуда натавонистем», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сардори Раёсати фурӯши оби КВД «Обу корези Душанбе» Фирдавс Ҷабборов, ҳамчунин пешниҳоди корхона дар мавриди аз 1 январ афзудани тарифҳои истифодаи об барои корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ – аз 0,52 сомонии ҳозира то ба 1,15 сомонӣ низ қонеъ гардонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.