Болоравии тарифҳои истифодаи об дар Душанбе

Аз 1 октябри соли равон тарифҳои истифодаи оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе ба андозаи беш аз 20% боло мераванд. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Обу корези Душанбе» оид ба афзоиши тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои обу корез барои аҳолиро қисман қонеъ кардааст. «Аз 1 октябри соли ҷорӣ аҳолӣ барои 1 метри мукааби об ба […]

Пайрав Чоршанбиев

Аз 1 октябри соли равон тарифҳои истифодаи оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе ба андозаи беш аз 20% боло мераванд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Обу корези Душанбе» оид ба афзоиши тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои обу корез барои аҳолиро қисман қонеъ кардааст.

«Аз 1 октябри соли ҷорӣ аҳолӣ барои 1 метри мукааби об ба ҷойи 0,51 сомонии ҳозира 0,62 сомонӣ пардохт мекунад, – гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Сайидалӣ Зарипов.

Ӯ қайд кард, ки КВД «Обу корези Душанбе» дар мавриди болоравии тарифҳо ба оби ошомиданӣ ба андозаи зиёда аз се маротиба – то як сомонӣ муроҷат карда, ин пешниҳоди худро бо он асоснок намудааст, ки корхона қарзҳои хеле зиёд дорад ва онҳоро мебояд пардохт намуд.

«Аммо бо назардошти вазъи ҳозираи имкони молиявии аҳолӣ, мо ба то ин андозаи назаррас боло бурдани тарифҳо розӣ шуда натавонистем», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сардори Раёсати фурӯши оби КВД «Обу корези Душанбе» Фирдавс Ҷабборов, ҳамчунин пешниҳоди корхона дар мавриди аз 1 январ афзудани тарифҳои истифодаи об барои корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ – аз 0,52 сомонии ҳозира то ба 1,15 сомонӣ низ қонеъ гардонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.