Ҳукми 23 соли зиндон барои қатли бераҳмонаи келин

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд сокини 64-солаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Абдуманнон Бурҳоновро барои қатли собиқ келини худаш Мавҷуда Вазироваи 32-сола ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Моҳи июни соли 2016 ӯ ба манзили келинаш, ки бо қарори суд ба яке аз хонаҳои бобои кӯдаконаш маскун шуда буд, ворид […]

Мавлуда Рофиева

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд сокини 64-солаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) Абдуманнон Бурҳоновро барои қатли собиқ келини худаш Мавҷуда Вазироваи 32-сола ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Моҳи июни соли 2016 ӯ ба манзили келинаш, ки бо қарори суд ба яке аз хонаҳои бобои кӯдаконаш маскун шуда буд, ворид шуда, дар пеши чашми 4 наберааш модари онҳоро бо корди дасташ якчанд маротиба ба аъзои баданаш ва якчанд маротибаи дигар бо зарфи обгирӣ (офтоба) ба қисми сараш мезанад, ки дар натиҷа келинаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Шавҳари зан – писари маҳкумшуда дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад. Ин рафтори худро ӯ дар мурофиаи судӣ чунин шарҳ дод, ки собиқ келинаш ҳамеша барои кӯдаконаш алимент талаб карда, ҳурмати ӯро ба ҷо намеовардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.