Коршинос: Дар Ӯзбекистон режими худкома боқӣ мемонад

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки аз раҳбарияти нави Ӯзбекистон тағйироти назаррас дар масоили сиёсати дохиливу хориҷиро интизор будан нашояд. «Пас аз даргузашти Ислом Каримов умеди пайдошуда дар ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар ба имкони демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва озодии баён замоне дубора гум шуд, […]

Asia-Plus

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки аз раҳбарияти нави Ӯзбекистон тағйироти назаррас дар масоили сиёсати дохиливу хориҷиро интизор будан нашояд.

«Пас аз даргузашти Ислом Каримов умеди пайдошуда дар ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар ба имкони демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва озодии баён замоне дубора гум шуд, ки нахуствазир Шавкат Мирзиёев бидуни риояи меъёрҳои Конститусия иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар интихоб шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, мувофиқи меъёрҳои Конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент ба муҳлати се моҳ на нахуствазир, балки бояд раиси сенати Ӯзбекистон таъин мешуд.

«Ҳозир дар Ӯзбекистон ҳама чизи гузашта гӯё такрор мешавад, қариб амалан ба мансаби президент таъиншуда Шавкат Мирзиёев ва номзадҳои бо ҳукуматдорон мувофиқашуда бо имкони ба сифр баробар дар маъракаи интихоботи президентӣ иштирок мекунанд», – қайд кард коршинос.

Зимнан зикр гардид, ки ҳеҷ кадоме аз узви ҷиддӣ ва бонуфузи ҳукумати имрӯзаи Ӯзбекистон, аз ҷумла муовини аввали нахуствазир Рустам Азимов ва роҳбари Шӯрои амнияти миллӣ Рустам Иноятов алайҳи номзадии Ш.Мирзиёев рақобат нахоҳанд кард, зеро дар мансаби президентӣ ӯ барои ҳама мувофиқ аст.

Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон санаи 4 декабр доир мегардад. То имрӯз ҳамаи аҳзоби сиёсии расман сабтшуда номзадҳои худ ба интихоботро муайян карданд. Аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, аз Ҳизби «Миллий Тикланиш «( Эҳёи миллӣ) – пешвои он Сарвар Отамуродов, аз Ҳизби «Адолат» –  раиси Шӯрои сиёсии ҳизб – Наримон Умаров ва аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон – раиси Шӯрои марказии ҳизб – Ҳотамҷон Кетмонов номзадҳо ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Коршиносон шакку шубҳае надоранд, ки номзади воқеъӣ ба мансаби президенти Ӯзбекистон танҳо як нафар – Шавкат Мирзиёев аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.