Марзбонони қирғиз вуруди 40 тоҷикистонӣ ба қаламрави кишварашонро рад карданд

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон маълумоти аз ҷониби 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур шудани марзи ин кишварро рад кард. Аммо дар қитъаи то ҳол мувофиқанашудаи марз шахсони номаълум сутуни оҳану бетониро кандаанд. Радиои «Азаттик» бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби беш […]

Asia-Plus

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон маълумоти аз ҷониби 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур шудани марзи ин кишварро рад кард. Аммо дар қитъаи то ҳол мувофиқанашудаи марз шахсони номаълум сутуни оҳану бетониро кандаанд.

Радиои «Азаттик» бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби беш аз 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва изҳороти онҳо доир ба ҳуқуқҳояшон дар истихроҷи канданиҳои фоиданок асоси воқеъӣ надорад. «Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон орому босубот аст», – хабар додааст хадамот.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти матбуот, соати 23:50 дақиқаи рӯзи 18 сентябр 6 нафар афроди номаълум ба хатти шартии марз дар мавзеи Кӯк-Тоши ноҳияи Ботканд омада, сутуни оҳану бетониро, ки сокинони деҳоти Оқ-Сой дар марзи давлатӣ гузоштаанд, кӯчонидаанд.

Гуфта мешавад, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дарҳол ба макони ҳодиса ҳозир шудааанд, зеро ин қитъаи сарҳад ҳанӯз мувофиқанашуда буда, он то таъйин шудани ба кадом ҷониб тааллуқ доштани он, тибқи қарордодҳои дуҷониба посбонӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки то соати 5-и субҳи рӯзи 19 сентябр сутуни оҳану бетонӣ дар ин қитъаи марз барқарор карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.