Коршинос: Дар Ӯзбекистон режими худкома боқӣ мемонад

Asia-Plus

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки аз раҳбарияти нави Ӯзбекистон тағйироти назаррас дар масоили сиёсати дохиливу хориҷиро интизор будан нашояд.

«Пас аз даргузашти Ислом Каримов умеди пайдошуда дар ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар ба имкони демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва озодии баён замоне дубора гум шуд, ки нахуствазир Шавкат Мирзиёев бидуни риояи меъёрҳои Конститусия иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар интихоб шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, мувофиқи меъёрҳои Конститутсия, иҷрокунандаи вазифаи президент ба муҳлати се моҳ на нахуствазир, балки бояд раиси сенати Ӯзбекистон таъин мешуд.

«Ҳозир дар Ӯзбекистон ҳама чизи гузашта гӯё такрор мешавад, қариб амалан ба мансаби президент таъиншуда Шавкат Мирзиёев ва номзадҳои бо ҳукуматдорон мувофиқашуда бо имкони ба сифр баробар дар маъракаи интихоботи президентӣ иштирок мекунанд», – қайд кард коршинос.

Зимнан зикр гардид, ки ҳеҷ кадоме аз узви ҷиддӣ ва бонуфузи ҳукумати имрӯзаи Ӯзбекистон, аз ҷумла муовини аввали нахуствазир Рустам Азимов ва роҳбари Шӯрои амнияти миллӣ Рустам Иноятов алайҳи номзадии Ш.Мирзиёев рақобат нахоҳанд кард, зеро дар мансаби президентӣ ӯ барои ҳама мувофиқ аст.

Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон санаи 4 декабр доир мегардад. То имрӯз ҳамаи аҳзоби сиёсии расман сабтшуда номзадҳои худ ба интихоботро муайян карданд. Аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, аз Ҳизби «Миллий Тикланиш «( Эҳёи миллӣ) – пешвои он Сарвар Отамуродов, аз Ҳизби «Адолат» –  раиси Шӯрои сиёсии ҳизб – Наримон Умаров ва аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон – раиси Шӯрои марказии ҳизб – Ҳотамҷон Кетмонов номзадҳо ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Коршиносон шакку шубҳае надоранд, ки номзади воқеъӣ ба мансаби президенти Ӯзбекистон танҳо як нафар – Шавкат Мирзиёев аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.