Лоиҳаи буҷети соли 2017 ба баррасии ҳукумат пешниҳод шуд

Date:

Лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017 бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Баъдтар лоиҳаи буҷет пас аз омӯзиш дар комиссияи доимо амалкунадаи ҳукумат оид ба буҷет, барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон ирсол мегардад.

Дар Вазорати молияи ҶТ қайд мекунанд, ки буҷети соли оянда дар ҳаҷми беш аз 19 млрд. 860 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми буҷети соли ҷорӣ 8,5% зиёдтар аст. Ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон зиёда аз 18 млрд. 306 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 19,4 млрд. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли равон 6,5% бештар мебошад. Касри буҷет барои соли 2017 дар сатҳи 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД-и кишвар пешбинӣ шудааст.

Чун солҳои пешин имсол ҳам буҷети давлатӣ хусусияти иҷтимоӣ дошта, беш аз 40%-и воситаҳо ба таъмини бахшҳои иҷтимоӣ равона мегарданд.

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ки дар буҷети соли оянда пешбинӣ мешаванд, баъди аз ҷониби ҳукумати маъқул шуморидани он маълум мешаванд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи буҷети Тоҷикистон барои соли 2016-ро ҳукумат ахири моҳи октябри соли гузашта маъқул шуморида, 18 ноябр парлумон онро тасдиқ кард.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 11 млрд. 021 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 97,2%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷет тақрибан 317 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...