Кумаки сафорати ИМА ба сохтмони синфҳои иловагӣ дар мактаби Исфара

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Миллард ва муовини Раиси ноҳияи Исфара Содир Қосимӣ ба фаъолияти мактаби №67 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Сохтмони мактаби №67-и ноҳияи Исфара дар доираи лоиҳаи гурӯҳи Сафорат оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ соли 2015 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани […]

Иттилоияи расмӣ

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Элизабет Миллард ва муовини Раиси ноҳияи Исфара Содир Қосимӣ ба фаъолияти мактаби №67 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Сохтмони мактаби №67-и ноҳияи Исфара дар доираи лоиҳаи гурӯҳи Сафорат оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ соли 2015 бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҳудуди 550 нафар хонанда, аз синфи 1 то 11, ва ба истифода додани ҳашт синфхонаи иловагӣ шурӯъ гардида буд.

Бо сабаби норасоии молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати маҳалӣ анҷоми сохтмони мазкур имконнопазир гашт. Аз ин хотир, он аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ гашта, ба итмоми сохтмон кӯмак расонид. Қабл аз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ҳатто бо вуҷуди таҳсил дар се баст, кӯдакони ин мавзеъ иҷборан дар дигар мактабҳои берун аз маҳал таҳсил мекарданд.

Гурӯҳ оид ба равобит бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ҳукумати ноҳия авлавиятҳои рушди ноҳияро таҳия намуданд. Роҳбарияти ҳукумати ноҳия ҳайати гурӯҳи мазкурро ҳангоми ташриф оварданашон ба якчанд лоиҳа, аз ҷумла, ба мактаби №67-и ноҳияи Исфара, ки авлавияти аввалиндараҷа буд, ҳамроҳӣ намуданд.

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №67-и ноҳияи Исфара аз ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати маҳалӣ, ки баҳри беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва таҳсили сокинони ноҳияи Исфара равона шудааст, гувоҳӣ медиҳад.

Имсол 25-умин солгарди ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба истифода додани мактаби номбурда дар ноҳияи Исфара як намунаи саъю талошҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки тӯли 25 соли охир ҷиҳати дастгирӣ намудан ва кӯмак расонидан ба ҷомеаҳои осебпазири манотиқи деҳоти Тоҷикистон равона шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...