Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маросими муаррифии Стратегияи шарикии Бонки осиёгии рушд ва Тоҷикистон доир мегардад;

– Форуми «Ҷалби аудитория: шаклҳои нав» дар доираи конфроси байнулмилалӣ таҳти унвони «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: таҳдидҳо ва имконот» дар Душанбе ба кори худ идома медиҳад;

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ спектакл барои кӯдакон “Сенсация в лесу” (Ҳангома дар ҷангал) намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8724 сомонӣ;

1 евро – 8.8533 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1204 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1991 – Дар иҷлосияи фавқулоддаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ раиси парлумон Қ.Аслонов истеъфо дода, раиси Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб шуд.

2009 — Дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Муколама оид ба ҳуқуқи башар баргузор шуд.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД дар Сочи ширкат варзид, ки дар он оид ба кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ аз ҷониби созмон тасмим гирифта шуд.

2013 — Дар Душанбе аз амали террористӣ пешгирӣ карда шуд. Сохторҳои қудратӣ як гурӯҳ террористонро, ки таркишҳо дар муассисаҳои давлатии кишвар ва чор дарвозаи пойтахтро омода мекарданд, безарар гардониданд.  

1931 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аврод Бурҳонов.

1947 – Мавлуди иқтисодчӣ Тоҳир Абдуллоев.

1953 – Зодрӯзи сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ Иззатулло Шарифов.

1954 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев.

1957 — Зодрӯзи журналист Мардон Муҳаммад.

1959 – Мавлуди коргардони театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов.

1960 – Зодрӯзи журналист Мамадалии Бахтиёр.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +28+30.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...