“Шантаж”-и падар кор надод: Устопириён дар ниҳояти кор издивоҷ кард

Падари Комроншоҳи Устопириён қаблан изҳор дошта буд, ки агар ӯ дар олимпиада медал ба даст наорад, ӯро зан намедиҳад, вале бо вуҷуди ин, дар ниҳояти кор писараш издивоҷ кард. Тӯйи арӯсӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (17-18 сентябр) дар зодгоҳи варзишгар – ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баргузор шудааст. Худи Комроншоҳ “шантаж” (таҳдид, найранг)-и падарашр чунин […]

Asia-Plus

Падари Комроншоҳи Устопириён қаблан изҳор дошта буд, ки агар ӯ дар олимпиада медал ба даст наорад, ӯро зан намедиҳад, вале бо вуҷуди ин, дар ниҳояти кор писараш издивоҷ кард.

Тӯйи арӯсӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (17-18 сентябр) дар зодгоҳи варзишгар – ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баргузор шудааст.

Худи Комроншоҳ “шантаж” (таҳдид, найранг)-и падарашр чунин шарҳ додааст: “Ин тӯй кайҳо пешбинӣ шуда буд, вале дар остонаи Олимпиадаи Рио падарам бо ин кораш рӯҳияи маро баланд бардоштанӣ буд, то ки ман ба Тоҷикистон медали тиллои олимпӣ орам, аммо ин “шантаж” кумак накард”, – ҳикоят кард ба “Азия-Плюс” гуштигир.

Қаблан варзишгари тоҷик изҳор дошта буд, ки ҳанӯз соли 2010 падараш Усто Устопириён ба президент Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки Комроншоҳ ҳатман аз Бразилия медали тилло меорад. “Падарам ба ман гуфт, ки агар медали тилло ба даст орам, баъди бозгашт ба ватан маро зан медиҳад. Умед дорам, ки медали тилло ба даст меорам ва ин ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият туҳфаи хубе мешавад”, – гуфта буд пеш аз Олимпиада Комроншоҳ.

Вале дар Олимпиада кори ӯ омад накарда, 10 август дар рақобати нахусти худ аз гуштигири гурҷӣ, қаҳрамони 7-каратаи Аврупо Варлам Липартелиани шикаст хӯрд.

Сипас гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди мағлубият дар қувваозмоии нахустини мусобиқоти дзюдои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аз варзишгари гурҷӣ расман аз мухлисону ҳаводоронаш узрхоҳӣ кард.

Дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ дар ин хусус навишта буд: «4 соли сафар ва тамрину машқҳо, сабуксозиҳои вазн ва ҳамааш дар як рақобат барбод рафт! Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон узр мепурсам. Ман аз уҳдаи кор набаромадам ва худро сафед карданӣ нестам… Ман қувваозмоиро бохтам! Иншоаллоҳ, рӯзҳои мо дар пешанд. Хайр Рио, акнун ба Токио-2020 омодагӣ мегирем».

Дар бораи ҳамсараш Комроншоҳ хеле кам маълумот медиҳад: Ӯ 21-сола, донишҷӯ ва варзишгар нест, соҳибхоназан аст”. Ҳамсараш низм ҳамдиёри варзишгар аст, ки худаш ӯро ба сифати ҳамсари оянда интихоб кардааст. “Ин интихоби волидон нест, балки интихоби худи ман аст”, – изҳор мекунад ӯ.

Аксҳо аз саҳифаи шахсии Комроншоҳи Устопириён дар шабакаи Фейсбук.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.