Ба БОР маблағгузории грантӣ ба лоиҳаҳои Тоҷикистон пешниҳод шуд

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Бонк дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Бонк дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ Бонк тақрибан 1,5 миллиард доллар ба бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд ва лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 785 миллион доллар дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар беҳтарсозии таъмини энергетикиву инфрасохтори нақлиётӣ ва рушди бахши хусусӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва бехатарии озуқаворӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Чунин як пешниҳоди судманди дигар дар робита ба таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии Норак, инчунин ворид кардани Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ дар соли 2017 ба Нақшаи индикативии маблағгузории Бонк барои солҳои 2016-2018 ба миён гузошта шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари пешниҳодшуда низ мавриди дастгирӣ қарор гирифта, тадриҷан дар амал татбиқ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон Шӯрои директрони БОР Стратегияи нави панҷсолаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро маъқул шуморид.

Аз соли 2008 бинобар сабаби хатари ноустувории қарзи хориҷӣ, Бонки осиёгии рушд танҳо бар асоси бебозгашт ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад. Беҳтар шудани вазъи қарзи хориҷии Тоҷикистон ба БОР имкон дод, ки шурӯъ аз соли 2016 пешниҳоди қарзҳо ба Тоҷикистонро барқарор намояд.

Охири соли гузашта намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю зимни брифингизҳор дошта буд, ки дар Нақшаи кишварии сесола (солҳои 2016-2018)-и амалии тиҷорат (СОБП) дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 240 млн. доллари ИМА амалисозии лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, беҳбуди амнияти ғизойӣ, дастгирии идоракунии захираҳои об, беҳтар кардани вазъи бахши энергетика ва ислоҳоти муҳити сармоягузорӣ дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми кумаки БОР ба Тоҷикистон дар соли 2016 – 70 млн. ва сармоягузориҳои тарҳрезишуда дар соли 2017 – 85 млн. ва дар соли 2018 – 86 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, вале ҳаҷми маблағҳои ниҳоии дастгириву кумак ба дастовардҳо дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани воситаҳо дар БОР вобаста хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.