Окcфорд ба унвони беҳтарин донишгоҳи ҷаҳон сазовор дониста шуд

Донишгоҳи Оксфорди Бритониё унвони беҳтарин донишгоҳи ҷаҳонро касб кард. Ин баҳогузорӣ аз сӯи нашрияи Times Higher Education ва хабаргузории Reuters ташкил шудааст. Тавре Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ (Служба новостей Қентралӣной Азии) хабар медиҳад, бори аввал аст, ки дар таърихи 13-солаи ташкили чунин баҳогузорӣ донишгоҳи ғайриамрикоӣ соҳиби мақоми баландтарин мешавад. Қадимтарин донишгоҳи англисзабони ҷаҳон – Оксфорд […]

Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ

Донишгоҳи Оксфорди Бритониё унвони беҳтарин донишгоҳи ҷаҳонро касб кард. Ин баҳогузорӣ аз сӯи нашрияи Times Higher Education ва хабаргузории Reuters ташкил шудааст.

Тавре Хадамоти иттилоотии Осиёи Марказӣ (Служба новостей Қентралӣной Азии) хабар медиҳад, бори аввал аст, ки дар таърихи 13-солаи ташкили чунин баҳогузорӣ донишгоҳи ғайриамрикоӣ соҳиби мақоми баландтарин мешавад. Қадимтарин донишгоҳи англисзабони ҷаҳон – Оксфорд соли 1096 таъсис шудааст. Дар панҷ соли гузашта Донишкадаи технологии Калифорнияи ИМА пайваста мақоми аввалро соҳиб мешуд.

Ба ин тартиб, соли ҷорӣ мақоми дувумро Донишкадаи технологии Калифорния, мақоми севумро донишгоҳи Стэнфорди Калифорния, мақоми чор – Кембриҷи Бритониё ва ғайра соҳиб шудаанд.

Ин раддабандӣ бар асоси корҳои илмии донишгоҳҳо, рисолаҳои илмӣ, мақолаҳо, ақидаи ҷомеаи коршиносонӣ тартиб ёфтааст.

Танҳо як донишгоҳи Русия – МГУ (Донишгоҳи давлатии Москва) дар рӯйхати 200 донишгоҳи беҳтарин шомил шуда, мақоми 188-ро касб кардааст. Соли гузашта чаҳор донишгоҳи Русия шомили ин рӯйхат шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.