Боздошти қаллобони африқоӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия, ки дар Африқои Ғарбӣ ҷойгир аст, ба боварии сокини 33-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА ва 10 ҳазор евро маблағи пулӣ гирифтаанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия, мардони 49 ва 52-сола, муваққатан истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, худро тоҷирони калони ширкати […]

Asia-Plus

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия, ки дар Африқои Ғарбӣ ҷойгир аст, ба боварии сокини 33-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА ва 10 ҳазор евро маблағи пулӣ гирифтаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерия, мардони 49 ва 52-сола, муваққатан истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, худро тоҷирони калони ширкати хориҷӣ муаррифӣ  намуда, бо роҳи фиреб аз ӯ маблағро гирифта, сипас ғайб мезананд.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар ин ҷинояти қаллобӣ кормандони милитсия ин ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Либерияро дастгир кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.