Сокини Истаравшан аз хашм ҳамсарашро ба қатл расонид

Date:

Сокини шаҳри Истаравшан, марди 47-сола ҳангоми дар меҳмонӣ будан ба ҳамсари худ бо корд 17 зарба задааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ин марди ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмона боздоштшуда бо ҳамсари 26-солаи худ рӯзи 22 сентябр ба хонаи хешовандашон ба меҳмонӣ меоянд.

«Сипас аз сабаби  хусумати  оилавӣ миёни онҳо ҷангу ҷанҷол ба вуқӯъ пайваста, ӯ бо корд 17 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст, ки дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...