Аслов: Дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ҳалли мушкилоти об имконпазир аст

Пайрав Чоршанбиев

Зимни суханронӣ дар музокироти умумии Маҷмаи умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ ва бахусус таҳкими ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ, ҳаллу фасли мушкилоти об имконпазир аст.

«Мо мушоҳида кардем, ки вақте кишварҳо ё минтақаҳо масъалҳои марбут ба обро муҳим мешуморанд, ҳаллу фасли онҳо кори имконпазир аст. Як чиз возеҳ аст: давлатҳо ва ҷомеаи байнулмилалӣ дар маҷмӯъ бояд ҳамроҳ кор кунанд, кӯшишҳои ҳамоҳангшуда ба харҷ дода, тадбирҳо дар ин соҳаро мувофиқа созанд», – иттилоъ медиҳад Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гуфтаҳои вазири тоҷик.

Аслов қайд кардааст, ки ин масъала бахусус ба захираҳои обӣ дахл дорад, ки дар бахшҳои гуногун, аз қабили тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ва ғайра истифода шуда, аз он дар як вақт ҷамоатҳо ва кишварҳои гуногун баҳра мебардоранд.

Вазир хотиррасон кардааст, ки дар симпозиуми моҳи августи Душанбе, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва СММ созмон дода шуд, Даъват ба амал дар соҳаи дастрасӣ ба об ва санитария қабул шуд. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки Маҷмаи Умумии СММ аз ташаббуси давраи солҳои 2018-2028-ро даҳсолаи «Об баҳри ҳаёт» эълон кардан дастгирӣ мекунад.

Сироҷиддин Аслов таъкид дошт, ки дар Рӯзномаи нави рушди устувори инсоният дар 15-солаи наздик об ба сифати яке аз таркибҳои муҳимтарини рушд дониста мешавад ва иҷрои вазифаҳои дар ин самт гузошташуда имконпазиранд.

Қобили зикр аст, ки қаблан вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ дар ин чорабинии СММ суханронӣ намуда, дар робита ба мушкилоти хушкшавии баҳри Арал бори нахуст тайи солҳои ахир аз нигарониҳо нисбати сохтмони иншооти нави бузурги гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарфе нагуфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...