Бохти ғайриинтизори «Истиқлол» аз «Равшан»-и Кӯлоб

Дар даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 25 сентябр ғайриинтизор бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаҳои кӯлобиҳо анҷом ёфт. Тӯби дюмро ба дарвозаи «Истиқлол» футболбозони «Равшан» дар дақиқаи […]

Аваз Юлдошев

Дар даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 25 сентябр ғайриинтизор бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаҳои кӯлобиҳо анҷом ёфт. Тӯби дюмро ба дарвозаи «Истиқлол» футболбозони «Равшан» дар дақиқаи 2-юми вақти иловагии бозӣ ворид карданд.

Ҳамин тариқ, ба силсилаи вохӯриҳои бидуни бохти қариб 3-солаи «Истиқлол» дар бозиҳои мусобиқаи Лигаи олии кишвар хотима бахшида шуд. Бори охир «Истиқлол» санаи 3 ноябри соли 2013 дар Ваҳдат з дастаи «Хайр» бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда буд. Ин дастаҳо санаи 1 октябр низ дар бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд, ки вохӯрии аввал дар Душанбе доир мегардад.

Дар вохӯрии дигари ин давр «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бо ҳисоби 3 бар 0 бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастболо шуд.

То анҷоми мусобиқаи имсолаи Лигаи олии футболи мамлакат ҳамагӣ 4 давр боқӣ монд. Сарфи назар аз бохт, Истиқлол бо 33 имтиёз дар садри аввали ҷадвал қарор дошта, «Ҳосилот»-и Фархор соҳиби 28 имтиёз, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – соҳиби 23 имтиёз ва дастаҳои КМВА «Помир» ва «Барқчӣ»-и пойтахт – соҳиби 20-имтиёзӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.